Ru  | Tj
Соли гузашта дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 445 иншооти нав бунёд шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли гузашта дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 445 иншооти нав бунёд шудааст
Акс: Кумитаи меъморӣ ва саноатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли гузашта дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 445 иншооти нав бунёд шудааст

Нашр шуд

Дар як соли гузашта дар Хатлон 2 ҳазору 445 иншооти нав ба баҳрабардорӣ расидаву рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар сатҳи 109,1 фоиз таъмин шудааст.

Ба гузориши хабаргузории расмии “Ховар”, ин матлаб дар ҷаласае бобати натиҷагирӣ аз фаъолияти соли гузаштаи Ҳукумати вилояти Хатлон ва муайянсозии вазифаҳо барои соли 2022 зикр шудааст.

Дар ин ҷаласа, ки 10-уми январ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон баргузор шудааст, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода низ ширкат ва суханронӣ кардааст.

Манбаъ меафзояд, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки соли гузашта ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилоят ба 10,2 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2020 1,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Сарвазири Тоҷикистон зимни суханронии хеш гуфтааст, ки ҳанӯз ҳам зарфиятҳои мавҷуд дар вилоят барои бунёду навсозии иншооти соҳаи саноат пурра истифода намешаванд.

Таъкид шудааст, ки бояд имкониятҳои се минтақаи озоди иқтисодии вилоят барои рушди ҳарчӣ бештари саноат ва ҷалби сармояи мустақим истифода шаванд.

Бояд гуфт, ки аз панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон сетояш дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир аст. Соли гузашта Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода гуфта буд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 25, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 11 ва дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кулоб” ҳамагӣ 1 корхонаи саноатӣ номнавис шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ 3 иншооти соҳаи маорифу тибро ифтитоҳ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед