Ru  | Tj
Соли ҷорӣ ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистону Русия 40 дарсад афзоиш ëфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли ҷорӣ ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистону Русия 40 дарсад афзоиш ëфтааст
Акс: Интернет

Соли ҷорӣ ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистону Русия 40 дарсад афзоиш ëфтааст

Нашр шуд

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 42 дарсад афзоиш ëфта, ба беш аз 900 миллион доллар расидааст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ин матлаб дар мулоқоти ҳайати расмии Тоҷикистон бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ва Вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия Денис Мантуров зикр шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистон иборат аз роҳбарони ниҳодҳои иқтисодии кишвар таъкид намудаанд, ки Федератсияи Русия дар гардиши савдои умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд соли охир дар ҷои аввал меистад.

Манбаъ меафзояд, дар ин дидор тарафҳо тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузориро баррасӣ намудаанд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин аз муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия хоҳиш кардааст, ки ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар кишвар ва иштироки роҳбарони аввали корхонаҳои саноатию сармоягузорони Русия дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, мусоидат намояд.

Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумахонзода ва роҳбарияти ҶСК «ТАЛКО» рӯзи 8-уми сентябр ба манзури дарëфти роҳҳои нави густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ба Маскав рафта буд.

Русия аз шарикони муҳимми стратегӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст. Бар пояи омори расмӣ, соли 2021 нишондиҳандаи гардиши савдои тарафҳо ба 1,4 миллиард доллар баробар ва нисбат ба соли 2020 380 миллион доллар ё худ 40 фоиз афзоиш ёфта буд.

Пагоҳ дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ба кори худ оғоз менамояд.

Кишоварзони Тоҷикистон имсол нақша доранд, ки зиёда аз 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед