Ru  | Tj
Соли оянда дар Ӯзбекистон Ҳамоиши ҷавонони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли оянда дар Ӯзбекистон Ҳамоиши ҷавонони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Акс: Sputnik

Соли оянда дар Ӯзбекистон Ҳамоиши ҷавонони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Нашр шуд

Моҳи марти соли оянда дар пойтахти Ӯзбекистон Ҳамоиши ҷавонони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар он ҷавонони тоҷик низ ширкат мекунанд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон, ин матлаб рӯзи 26-уми декабр дар мулоқоти Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш бо ҳамтои ӯзбекаш Дилноза Каттахонова зикр шудааст.

Тарафҳо дар ин мулоқот перомуни тақвияти ҳамкории ду кишвар дар самти кор бо ҷавонон, табодули таҷрибаи ҳамдигар ва амалисозии роҳу механизмҳои нави пиёдасозии сиёсати давлатии ҷавонон табодули афкор намудаанд.

Манбаъ меафзояд, ин дидор дар ҳошияи баргузори Ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонони Ӯзбекистон дар Тошканд доир шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш Дилноза Аҳмадзода дар раъси ҳайати Тоҷикистон бо шумули масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат намудааст.

Бояд гуфт, ки миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ҳанӯз соли 2017 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Ҳамчунин дар оғози моҳи декабр дар Маскав Ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистону Русия дар доираи раисии Тоҷикистон дар Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд.

Форуми ҷавонони бахши молия номзади худро интихоб намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед