Ru  | Tj
«Сомон Эйр» ҳавопаймои навашро ба номи шоири маъруф Мирзо Турсунзода гузошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Сомон Эйр» ҳавопаймои навашро ба номи шоири маъруф Мирзо Турсунзода гузошт
Фото: Официальный сайт авиакомпании Somon Air

«Сомон Эйр» ҳавопаймои навашро ба номи шоири маъруф Мирзо Турсунзода гузошт

Нашр шуд

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар арафаи таҷлил аз 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ парки ҳавопаймоҳояшро бо як Boeing 737-800-и нав пурра намуд.

Ба иттилои сомонаи расмии ширкат, ин тайёра ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шудааст ва дар асоси лизинги амалиётӣ аз ширкати ACG (Aviation Capital Group) дастрас гардидааст.

Манбаъ меафзояд, авоили моҳи сентябр "Сомон Эйр"  аз ширкати ACG боз як ҳавопаймои Boeing 737-800 мегирад ва шумораи тайёраҳояшро дар маҷмуъ ба шаш адад мерасонад.

Парки ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" то ин дам аз ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва ду ҳавопаймои Боинг 737-800 иборат буд.

"Сомон Эйр" бузургтарин ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон буда, аз соли 2008 дар бозори байналмилалии мусофиркашонии ҳавоӣ муваффақона фаъолият менамояд ва узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад.

Ин ширкат айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.


Парвозҳои "Сомон Эйр" ба Москав зиёд шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед