Ru  | Tj
"Сомон эйр" ба парвозҳои дохилӣ оғоз намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Сомон эйр" ба парвозҳои дохилӣ оғоз намуд
Расм аз polet.me

"Сомон эйр" ба парвозҳои дохилӣ оғоз намуд

Нашр шуд

Тибқи ахбори Азия-плюс, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба Хуҷанд ва Хуҷанд-Душанбе аз санаи 29 ноябр шуруъ мекунад.

Масъулини ширкат ин иқдомро чунин шарҳ доданд: "Бо мақсади қонеъ кардани талаботи мардум ба нақлиёт, Сомон Эйр парвозҳоро дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанбе аз сар мегирад. Интизор меравад, ки парвозҳо ҳафтае ду маротиба амалӣ шаванд. Нархи чипта ба як тараф 413 сомонӣ хоҳад буд".

Аммо ягона шарти муҳим барои мусофирон ин ҳангоми дар терминал будан ва ҳангоми парвоз бояд ниқоб ва дастпӯшакҳоро бечунучаро ба даст пушанд. 

Ба мусофироне ки таби баланд доранд ё аломатҳои беморӣ доранд, имкони сабти ном ва ворид шудан ба салони ҳавопаймо дода намешаванд.

Вазни бағоҷ бузург на зиёд аз 20 кг ва бағоҷи дастӣ - 7 кг (синфи эконом) мешавад. 

Маълумоти муфассал дар бораи ҷадвали парвоз ва нархи чиптаҳо аз маркази иттилоотии ҳавопаймо бо рақамҳои 44-640-40-49, 44-640-40-50 ва 93-7777-459, инчунин дар Агентии алоқаи ҳавоӣ бо рақамҳои 98-807-10-00, 98-880-87-87, 93-501-24-24 дастрас кардан мумкин аст.

Хотиррасон бояд кард, ки ҳоло аз хатсайрҳои байналмилалӣ парвозҳои мунтазам дар самти Душанбе-Истанбул-Душанбе, Душанбе-Дубай-Душанбе боз мебошанд. Инчунин, барои содироти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ва шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ ва содиротӣ ба чанд шаҳри Русия ташкил карда мешаванд.

Ду ширкати русӣ метавонанд парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Русия анҷом диҳанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед