Ru  | Tj
Сомон Маҳмадбеков дар Ҳонконг медали биринҷӣ ба даст овард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сомон Маҳмадбеков дар Ҳонконг медали биринҷӣ ба даст овард
Акс: Федеросиюни ҷудои Тоҷикистон

Сомон Маҳмадбеков дар Ҳонконг медали биринҷӣ ба даст овард

Нашр шуд

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи   Тоҷикистон дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар Ҳонконг баргузор шуд, медали биринҷиро соҳиб шуд.

Сомон Маҳмадбеков рӯзи 21-уми апрел дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг дар вазни то 81 кг дар даври дувум бар Согайр Салике аз Чин пирӯз шуда, ба чаҳорякниҳоӣ расид. Аммо Маҳмадбеков дар даври чаҳорякниҳоӣ аз паҳлавони Узбекистон Шарофиддин Болтабоев шикаст хӯрд.

Сомон дар даври тасаллобахш Асад Масабирови қирғизро мағлуб карда, барои медали биринҷӣ бар Ҷубаназар Абулайхани қазоқ пирӯз гардида, барандаи медали биринҷӣ гардид. Гуфта мешавад, ин аввалин медали дастаи Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ба шумор меравад.

Ҷудокори дигари Тоҷикистон Обид Ҷебов дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг дар вазни то 66 кг намояндаи Туркманистон Сардор Раҳимовро мағлуб кард. Аммо Обид дар даври дувум аз Ҳинсей Шаттории ҷопонӣ мағлуб гардида, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ба иттилоъи Федеросиюни байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг ҳудуди 270 варзишкор аз 36 кишвар ширкат доранд. Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуъи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.

Ба ҳайати дастаи яккачини ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгар – Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва Аҳлия Муъминова (-52 кг) шомил буданд.

Аммо Федеросиюни ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки бинобар сабаби ба таъхир афтодани хатсайрҳо дар фурудгоҳи Дубай Меҳрзод Суфиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Шодмон Ризоев ва Аҳлия Муъминова дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё иштирок намекунанд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа рӯзи 22-юми апрел Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов вориди рақобатҳо мешаванд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки Темур Раҳимов баъди табобати тӯлонӣ бори аввал дар мусобиқоти имсола иштирок хоҳад кард.

Феълан Темур  дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кг баъди Инал Тасоеви рус дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед