Ru  | Tj
Созиши Душанбе ва Бишкек: ҷонибҳо ба Ворух роҳи мошингарди ҷудогонаи Тоҷикистонро месозанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Созиши Душанбе ва Бишкек: ҷонибҳо ба Ворух роҳи мошингарди ҷудогонаи Тоҷикистонро месозанд
Акс: Интернет

Созиши Душанбе ва Бишкек: ҷонибҳо ба Ворух роҳи мошингарди ҷудогонаи Тоҷикистонро месозанд

Нашр шуд

Роҳи мошингард аз ҳисоби ҳар ду ҷониб сохта шуда, истифода ва нигоҳдории онро Тоҷикистон ба уҳда мегирад.

Тоҷикистону Қирғизистон доир ба сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух” ба мувофиқа расиданд. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 5-уми май дар сомонаи АМИТ “Ховар” ба нашр расидааст.

Ҳамчунин дар ин бора хабар мешавад, ки роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи зарурати тасвири ҳарчи зудтари хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда пурра изҳори ҳамдигарфаҳмӣ кардаанд.

Ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад.

Сафири Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ФР рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед