Ru  | Tj
Созишномаи интиқоли барқ ​​миёни Тоҷикистон ва Афғонистон барои 2022 ба имзо расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Созишномаи интиқоли барқ ​​миёни Тоҷикистон ва Афғонистон барои 2022 ба имзо расид
Акс: Интернет

Созишномаи интиқоли барқ ​​миёни Тоҷикистон ва Афғонистон барои 2022 ба имзо расид

Нашр шуд

 Миёни ширкати «Барқи Тоҷик» ва «Брешна Афғонистон» барои содироти нерӯи барқ ​​шартнома ба имзо расид.

Брешна эълон кардааст, ки Ҳофиз Муҳаммад Амин, мудири кулли ин ширкат ва ҳамроҳонаш дар ҷараёни як сафари расмӣ ба Тоҷикистон як қарордоди воридотӣ барои соли 2022-ро бо ширкати “Барқи Тоҷик” имзо кардаанд.

Манбаъ навиштааст, ки ин созишнома дар натиҷаи музокироти дурӯзаи ду ҷониб ва ҳамчунин тавофуқе, ки ба далели таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон аз моҳи июли соли ҷорӣ ба моҳи декабр мавқуф гузошта шуда буд, имзо шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар миёни ду ҷониб доир ба лоиҳаҳои минтақавӣ ва рушд, аз қабили CASA-1000 ва сохти хати 500 кВ дар соҳаи энергетика, ки дар ояндаи наздик натиҷаҳои мусбат хоҳад дод, гуфтугӯҳои муфассал сурат гирифт.

Ҳайати Афғонистон дар поёни ин сафар бар аҳаммияти ҳамкориҳои муштарак бо Тоҷикистон таъкид карда ва итминон додааст, ки нерӯҳои амниятӣ ва дифоъии ин кишвар барои таъмини амният барои оғози тарҳҳои муштарк омодаанд.

Ин аввалин бор аст, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон* як ҳайати расмӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

*Толибон – ҳакати террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Вазири энергетика: Қисмати тоҷикистонии CASA-1000 соли оянда пурра омода мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед