Ru  | Tj
СПАД ба Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳ мефиристад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СПАД ба Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳ мефиристад
Акс: Интернет

СПАД ба Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳ мефиристад

Нашр шуд

Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони паймони амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)  ба дархости мақомоти Қазоқистон барои кӯмак ҷавоби мусбат дод.

Чӣ тавре, ки "ТАСС" иттилоъ медиҳад,  Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифт, ки нерӯҳои посдори сулҳ ба Қазоқистон эъзом шаванд. 

Ҳамзамон, Николай Пашинян, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД қайд намудааст, ки қарори дахлдор мутобиқ ба моддаи 4-и Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қабул шудааст. 

Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки мақсад аз интиқол додани нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар иборат аст.

Гуфта мешавад, ки будубоши нерӯҳои СПАД дар қаламрави Қазоқистон ба муддати маҳдуд ба нақша гирифта шудааст.

Тазоҳурот ва бетартибӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар пайи ба кӯчаҳо баромадани эътирозгарон, ки поин бурдани арзиши гази моъеро талаб доштанд, сурат гирифт.

Шоми 5-уми январ сарвари ин кишвар Токаев аз шарикони СПАД дархости кӯмак карда буд.

Ба ҳайати СПАД Русия, Қазоқистон, Арманистон, Белоруссия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дохил мешаванд.


Сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба рӯзноманигорони арабӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед