Ru  | Tj
СПАД дар Тоҷикистон тамриноти низомӣ баргузор мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СПАД дар Тоҷикистон тамриноти низомӣ баргузор мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

СПАД дар Тоҷикистон тамриноти низомӣ баргузор мекунад

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки СПАД дар Осиёи Марказӣ як силсила машқҳои низомӣ баргузор хоҳад кард.

Ҳадафи машқҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Осиёи Марказӣ ҳифзи субот дар минтақа мебошад, гуфт Микаэл Агасандян, мудири раёсати аввали кишварҳои ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Русия ба хабаргузории РИА Новости.
«Русия пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иқтидори СПАД ҳамчун сохтори муассир барои ҳифзи субот на танҳо дар кишварҳои узв, балки дар фазои васеи АвруОсиё масъул бошад. Дар ҳафтаҳои оянда баргузории як силсила машқҳои нерӯҳои дастаҷамъии созмон дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ин машқҳо ба таҳияи иқдомоти муштарак ҷиҳати ҳифзи субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла бо дарназардошти вазъ дар Афғонистон нигаронида шудааст”, - гуфт Агасандян.
Намояндаи Вазорати хориҷии Русия дар идома афзуд, ки татбиқи лоиҳаи барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар доираи СПАД, амнияти марзҳои ҷанубии ин созмонро боз бештар тақвият хоҳад дод. Қобили зикр аст, Тоҷикистон танҳо узви СПАД аст, ки бо Афғонистон беш аз 1400 км марзи муштарак дорад.

Вай ҳамчунин ба таваҷҷуҳи як қатор давлатҳои АвруОсиё ба фаъолияти СПАД, ки дар мавриди аҳамияти эҷоди фазои ягона ва боэътимоди амниятӣ дар қора ҳамфикр ҳастанд, ишора кард.

Ба гуфтаи Агасандян, Русия пайваста талош дорад, ки иқтидори СПАД ҳамчун сохтори муассир барои ҳифзи субот на танҳо дар кишварҳои узв, балки дар фазои васеи АвруОсиё масъул бошад.

Дипломати рус таъкид кард, ки ин созмон аҳамияти худро чандин бор, аз ҷумла дар ҳодисаҳои ду соли пеш дар Қазоқистон, ки нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар давоми чанд рӯз барои ба эътидол овардани вазъи дохилии сиёсӣ дар ин кишвар мусоидат карданд, собит намуд.

Микаэл Агасандян дар суҳбат бо РИА Новости хабар дод, ки рӯзи 28 ноябр дар Остона ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ бо ҳузури раҳбарони кишварҳои узви СПАД баргузор мешавад.

Гуфтанист, Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон узви СПАД ҳастанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед