Ru  | Tj
СПАД нақшаи таҳияи барномаи нави таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СПАД нақшаи таҳияи барномаи нави таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ кард
Акс: Sputnik

СПАД нақшаи таҳияи барномаи нави таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ кард

Нашр шуд

Барномаи таъмини амният дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон такмил дода мешавад.

Ба иттилои хабаргузории "Спутник", тасмими таҳияи барномаи ҷадид ҳангоми нишасти муштараки вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СПАД қабул шудааст.

"Гузориш дар бораи таҳияи барномаи байнидавлатии СПАД ҷиҳати устувор намудани бархе аз қисматҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шунида шуд", - изҳор дошт Котиби генералии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ Станислав Зас.

Дар чаҳорчӯбаи таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон амалиёти зидди маводи мухаддир "Канал" ва амалиёти байнидавлатии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал" баргузор мегардад.

Ҳангоми нишаст зикр гардид, ки дар ҳолати зарурат нерӯҳои СПАД ба кӯмаки Тоҷикистон равона мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷаласаи вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СПАД имрӯз, 15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вазъи Афғонистон ҳамчун масъалаи ҳалталаб ба маркази диққат гузошта шуд.



Эҳзори сафири Амрико ба вазорат: Тоҷикистон ба суханони Байден эътироз кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед