Ru  | Tj
СПАД: Тамриноти нерӯҳои ин созмон алайҳи кишварҳои дигар нигаронида нашудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СПАД: Тамриноти нерӯҳои ин созмон алайҳи кишварҳои дигар нигаронида нашудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

СПАД: Тамриноти нерӯҳои ин созмон алайҳи кишварҳои дигар нигаронида нашудааст

Нашр шуд

Тамриноти нақшаӣ бо нерӯҳои СПАД ба ҳифзи дастаҷамъонаи истиқлоли кишварҳои узв нигаронида шудаанд, гуфт сардори ситоди муштараки созмон.

Машқҳои дарпешистодаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, алайҳи кишварҳои сеюм нигаронида нашудааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ Андрей Сердюков, сардори ситоди муштараки СПАД изҳор дошт, навиштааст хабаргузории ТАСС.
«Мехоҳам таъкид намоям, ки чорабиниҳои ба нақша гирифташуда бо нерӯҳои СПАД ба ҳимояи истиқлол, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узви ин созмон дар асоси усули ҳифзи дастаҷамъона нигаронида шуда, ба меъёрҳои байналмилалӣ комилан мувофиқанд ва ба муқобили дигар кишварҳо нигаронида нашудааст», - гуфт Сердюков.
Ба гуфтаи вай яке аз авлавиятҳои муайяннамудаи Қазоқистон, ки соли 2024 раёсати ин созмонро бар ӯҳда дорад, беҳбуди масъалаҳои таъмини истиқрори сареи нерӯҳои дастаҷамъӣ, аз ҷумла транзити бемамониати нерӯҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки машқҳои СПАД дар тирамоҳи соли 2024 дар Қазоқистон ("Бародарони шикастнопазир-2024"), Қирғизистон ("Ҳамкорӣ-2024", "Ҷустуҷӯ-2024", "Эшелон-2024") ва Тоҷикистон ("Марз-2024") баргузор мешаванд.

Гуфтанист, Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳастанд, ки ҳадафи ин созмон рафъи таҳдидҳо ба амнияту субот, ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узви СПАД аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед