Ru  | Tj
Sputnik: Башор Асад ва хонаводааш вориди Маскав шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Sputnik: Башор Асад ва хонаводааш вориди Маскав шуданд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Sputnik: Башор Асад ва хонаводааш вориди Маскав шуданд

Нашр шуд

Хабаргузории русии Sputnik хабар дод, ки Башор Асад, раисҷумҳури пешини Сурия ва хонаводааш вориди Маскав шудаанд.

Ин расона шоми 8 декабр бо такя ба як манбаъ дар кохи раёсатҷумҳурии Русия хабар дод, ки ин кишвар ба Асад ва хонаводаи ӯ паноҳгоҳ додааст.

Башор Асад шаби гузашта пас аз вуруди шӯришиён ба Димишқ Сурияро тарк кард.

Бо хурӯҷи Башор аз Сурия, ҳукмронии 54-солаи хонаводаи Асад поён ёфт ва назорати ин кишварро гурӯҳҳои шӯришӣ таҳти раҳбарии "Ҳаёт Таҳрир аш-Шом" ба даст гирифтанд.

Башор Асад аз соли 2000 то шаби 7 декабри соли 2024, ки ҳукуматаш суқут кард, қудратро дар Сурия дар даст дошт.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед