Ru  | Tj
Станислав Зас: Мо ҳамаи имконотро дорем, то амнияти ҳар давлати узви СААД- ро таъмин созем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Станислав Зас: Мо ҳамаи имконотро дорем, то амнияти ҳар давлати узви СААД- ро  таъмин созем
Акс: Интернет

Станислав Зас: Мо ҳамаи имконотро дорем, то амнияти ҳар давлати узви СААД- ро таъмин созем

Нашр шуд

Дабири кулли СААД гуфт, ки вазъияти марзи Тоҷикистону Афғонистон зери назорати сарҳадбонони тоҷик аст ва зарурати ирсоли нерӯҳои изофӣ нест.

Ба иттилои ТАСС, Станислав Зас дирӯз пас аз ҷаласаи маҷозии ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ин нуктаро ба хабарнигорон баён намуд.

Зас бо зикри ин матлаб афзуд, ки айни замон марзбонони тоҷик дилпурона вазъи сарҳад бо Афғонистонро назорат мекунанд ва ниёзе барои ҷалби нерӯҳои иловагӣ вуҷуд надорад.

Дар ин баробар Дабири кулли СААД таъкид намуд, ки аммо аз нигоҳи техникӣ муҷаҳҳаз намудани марзбонии тоҷик зарурати рӯз аст ва дар ин самт тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.

Станислав Зас ҳамчунин гуфт, ки дар сурати зарурат ба Тоҷикистон нерӯҳои иловагӣ фиристода мешавад.

«Мо ҳамаи имконотро дорем, то амнияти ҳар давлати узви СААД- ро таъмин созем», - таъкид сохт Дабири кулли ин созмон.

Лозим ба зикр аст, ки дирӯз дар нишасти маҷозии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, аъзои Шӯро барои тезонидани раванди қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба тавофуқ расиданд.

Имсол Тоҷикистон раёсати давраии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба уҳда дорад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД ҳастанд. Рӯзҳои 15-16-уми сентябри соли равон дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.



Иҷлосияи СААД: Барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон Барномаи байнидавлатӣ қабул мешавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед