Ru  | Tj
Стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо 30 фоиз зиёд карда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо 30 фоиз зиёд карда мешавад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо 30 фоиз зиёд карда мешавад

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо ҷавонон дар бораи вазъи иҷтимоии ҷавонон низ сухан гуфта, зикр кардааст, ки 30 фоиз стипендияи онҳо зиёд карда мешавад.

“Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад”, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин раисиҷумҳур зимни суханронияш дастур додааст, ки вобаста ба шуғли ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон бо Вазорати меҳнат, рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғлро таҳия намуда, дар хусуси то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25 – чораҳо андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатиро вазифадор кардааст, ки бо ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус, дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешанд.


Эмомалӣ Раҳмон: "Зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед