Ru  | Tj
Суҳбати Президентҳо. Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Суҳбати Президентҳо. Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ кард
Акс: Avesta.tj

Суҳбати Президентҳо. Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо Президенти Иттиҳоди Аврупо аз эҳтимоли дар оянда ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ табдил ёфтани Афғонистон изҳори нигаронӣ намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми август бо Шарл Мишел гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар ин сӯҳбат, ки бо ташаббуси Президенти Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт, тарафҳо вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ карданд.

Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибҳо мавқеъгирии ҳамдигарро дар мавриди мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуда, бобати идомаи тамосҳо дар ҳамаи сатҳҳо ба тавофуқ расидаанд.

Раҳмон бори дигар таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф ба Шарл Мишел гуфтааст, ки Толибон* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо ), сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавии худ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашидаанд.

“Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад”, — таъкид намудааст Президенти кишвар.

Тарафҳо ҳамчунин перомуни афзоиш додани кӯмаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки ба бӯҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ аст, ибрози назар намудаанд.

Дар поёни ин гуфтугӯи телефонӣ Шарл Мишел аз Президенти Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки моҳи октябр ба Брюссел сафар анҷом диҳад.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми август дар дидор бо Вазири хориҷии Покистон низ дар бобати мавқеи Тоҷикистон дар масоили Афғонистон гуфта буд, ки дар ин кишвар бояд ҳарчӣ зудтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикон, ки беш аз 46 фоизи мардуми ин ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Аммо ин ҳама дар ҳолест, ки ахбори чанд рӯзи охири матбуоти ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки Толибон* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) баъди ғасби Ҳукумат аз ваъдаҳои қаблии худ бобати ташкили ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед