Ru  | Tj
Суҳбати Раҳмон бо Токаев ва Мирзиёев. Президентҳо авзои Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Суҳбати Раҳмон бо Токаев ва Мирзиёев. Президентҳо авзои  Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Суҳбати Раҳмон бо Токаев ва Мирзиёев. Президентҳо авзои Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни гуфтугӯҳои алоҳдаи телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев ва Қосим-Жомарт Токаев, ҳамтоёни ӯзбеку қазоқи худ авзои кунунӣ дар Афғонистонро баррасӣ кард.

Ба иттилои Дафтари матуботи Президенти Тоҷикистон, рӯзи 23-юми июн Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон ва Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Манбаъ хабар дод, ки дар ин суҳбатҳо Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи ташвишовареро, ки имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он, ба вуқӯъ пайвастааст, баррасӣ намуда, вазъиятро дар хатти сарҳад бо ин кишвар бисёр шиддатнок арзёбӣ карданд.

Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон таъкид доштанд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати мусоидат ба пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва кӯмак ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистон идома диҳанд. Дар ин зимн омодагии кишварҳо дар амри идомаи ҳамҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид гардид.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Токаев ва Мирзиёев перомуни натоиҷи сафарҳои расмии ба наздикӣ анҷомдодаи онҳо ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуд ва Президентҳо ба тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Душанбе дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, баҳои баланд доданд.

Дар рафти суҳбатҳо инчунин роҷеъ ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи кишварҳо ва бархе масоили мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт, - гуфта шудааст дар иттилои Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Қаблан Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ хабар дода буд, ки даҳ рӯзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи ҶИА задухӯрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дошта, вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз ва гузаргоҳҳои «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти ин гурӯҳи террористӣ гузаштаанд. 

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед