Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Нашр шуд
23–уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо ҳам суҳбати телефонӣ намуданд.
Дар ин суҳбат маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин, ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва содироти маҳсулоти мевагию сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозори Россия ибрози ақида намуданд.
Инчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Мувофиқи маълумоти сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти суҳбати телефонӣ ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла, мавзӯи қазияи Афғонистон ва ҷараёни рушди вазъият дар минтақа муҳокима шудааст.
Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории зич дар омода ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба мувофиқа расиданд.
Дар охир суҳбат Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сокинони Тоҷикистонро бо моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба мардуми кишвари мо некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед