Ru  | Tj
“Суғдиён”-и Ӯзбекистон дар меҳмонӣ бар тими футболи "Хуҷанд" пирӯз омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Суғдиён”-и Ӯзбекистон дар меҳмонӣ бар тими футболи  "Хуҷанд" пирӯз омад
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон

“Суғдиён”-и Ӯзбекистон дар меҳмонӣ бар тими футболи "Хуҷанд" пирӯз омад

Нашр шуд

Тими футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон  дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 аз дастаи «Суғдиён»-и Ӯзбекистон шикаст хӯрд.

Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, дирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд тими футболи "Хуҷанд" аз дастаи Суғдиён»-и Ӯзбекистон ба ҳисоби сифр бар чаҳор мағлуб шуд.

Гуфта мешавад, голҳоро дар ин бозӣ Ҷасур Ҳасанов, Шоҳруз Норхонов ва Ҷавоҳир Қаҳрамонов вориди дарвозаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон гардонидаанд.

Манбаъ меафзояд, бошгоҳи "Хуҷанд" пас аз ин бохт аз идомаи бозиҳо дар доираи Ҷоми КФО-2022 маҳрум шуд, аммо тими «Суғдиён»-и Ӯзбекистон барои иштирок дар нимфинали байниминтақавӣ ба масофи дастаи «Истерн»-и Ҳонконг меравад. Ин бозӣ 6-ум ё 7-уми сентябр доир мегардад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан  Рустам Хоҷаев, сармураббии «Хуҷанд» дар суҳбат ба хабарнигорон гуфта буд, ки дастпарваронаш ба бозии ниҳоии минтақавии Ҷоми AFC-2022  комилан омодаанд ва барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард.


«Истиқлол» дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-ро шикаст дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед