Ru  | Tj
«Суғуртаи асри 21» метавонад боз 5 соли дигар фаъолият кунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Суғуртаи асри 21» метавонад боз 5 соли дигар фаъолият кунад
Акс: Интернет

«Суғуртаи асри 21» метавонад боз 5 соли дигар фаъолият кунад

Нашр шуд

Имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон ба «Суғуртаи асри 21» барои фаъолияти суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатиаш  ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғуртаи асри 21» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод. Ин дар ҳолест, ки аксари ширкатҳои суғуртавӣ имрӯз дар Тоҷикистон фаъолияти густурда надоранд.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин тасмим дар асоси  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ камранг буда, бештари мардум ба ин гуна ширкатҳо аслан бебоваранд ва таваҷҷӯҳе надоранд.


Ҳамоишҳои ҷавонон дар Вазорати адлия ба кор оғоз намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед