Ru  | Tj
Тӯли марз миёни Ӯзбекистону Қазоқистон 5 километр бештар шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тӯли марз миёни Ӯзбекистону Қазоқистон 5 километр бештар шуд
Акс: kun.uz

Тӯли марз миёни Ӯзбекистону Қазоқистон 5 километр бештар шуд

Нашр шуд

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи 28-уми март Созишномаи байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аломатгузории марзи давлатиро имзо кард.

Тавре ки хабаргузории kun.uzхабар медиҳад, созишномаи мазкур моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд ба имзо расида буд.

Тибқи созишнома, ибтидои сарҳад нуқтаи васли сарҳадҳои давлатии Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва охири он нуқтаи иттисоли сарҳадҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошад.

Мувофиқи ин санад, марзи миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон 5 километр тӯлонитар шуд, зеро хатти сарҳад аз ҷониби Қазоқистон аз пастхамиҳои бештар убур мекунад.

Гуфта мешавад, ки тӯли марзи давлатӣ миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон 2356 километр буда, дар имтидоди он 1301 аломати сарҳадӣ гузошта шудааст. Ҳаҷми асноде, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти марзӣ миёни ду кишвар таҳия шуд, аз 8 ҳазор саҳифа бештар аст.

Инчунин дар замимаи алоҳидаи созишнома моликияти давлатии ҷазираҳо дар рӯдҳои наздисарҳадии Келес ва Сирдарё бо нишон додани мушаххасот ва масоҳати онҳо инъикос ёфтааст.

Бояд гуфт, ки аломатгузории марз миёни ду кишвар дар соли 2003 оғоз шуда, корҳои саҳроӣ барои насби аломатҳои сарҳадӣ дар замин аз соли 2004 то соли 2021 идома ёфтанд.

Бад-ин тартиб 22 декабри соли 2022 дар ҷараёни сафари Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба Ӯзбекистон миёни ду кишвар Созишномаи байнидавлатӣ дар бораи аломатгузории марзи давлатӣ ба имзо расид.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед