Ru  | Tj
Таҷдиди шоҳроҳи ВМКБ идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи Дарвоз - дарвозаи Рӯшонро санги асос гузошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таҷдиди шоҳроҳи ВМКБ идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи Дарвоз - дарвозаи Рӯшонро санги асос гузошт
Акс: Ҳадамоти матбуоти Президент

Таҷдиди шоҳроҳи ВМКБ идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи Дарвоз - дарвозаи Рӯшонро санги асос гузошт

Нашр шуд

Ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ қарор дорад.

Ба гузориши Хабамоти матбуоти Президент, имрӯз раисҷумҳури кишвар қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин - аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро ба истифода дод.

Гуфта мешавад, ки шоҳроҳи нав дар масофаи 26 километр бо сармоягузории Ҳукумати ҶТ, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд, Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи тақрибан 32 миллион доллар бунёд гардидааст.

Ҳамчунин, дар шоҳроҳи навсоз 1 пули мошингузар ва 2 ҳазору 92 метри мукааб қубури обгузар насб гардида, 30 ҳазору 886 метр пойдевори муҳофизатӣ бунёд карда шудааст, ки он барои пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақшгузор аст. Мувофиқи лоиҳа, дар қитъаи мазкур зиёда аз 630 аломати роҳ насб шудааст.

Ба иловаи манбаъ, дар масири мазкур корҳои сохтмонӣ хосатан аз ҷониби коргарону мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ" ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро гардидаанд.

Раисҷумҳур пас аз ифтитоҳи қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшид.

Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар умум 92,3 километрро ташкил медиҳад. Ҷиҳати татбиқи лоиҳа тақрибан 2,5 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар асоси лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди 5 адад долон бо дарозии 601 метр ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ба нақша гирифта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки ба сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2019 оғози расмӣ бахшид.



Барои рушди ноҳияи Дарвоз дар давоми 30 сол 1,2 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед