Ru  | Tj
Тақдими 100 ҳазор сомонӣ барои кумак дар пайдо намудани ҳамлагар ба ронандаи таксӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ барои кумак дар пайдо намудани ҳамлагар ба ронандаи таксӣ
Акс: Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ барои кумак дар пайдо намудани ҳамлагар ба ронандаи таксӣ

Нашр шуд

Баъди шаш моҳи ҷустуҷӯ гумонбари содир намудани ҷиноят ошкор шуд. Шахси муттаҳам дар маҳбас будааст.

Нафаре, ки барои боздошти ҷинояткор мусоидат кард, аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза гирифт.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи коркард ва санҷиши ахборе, ки аз ҷониби як шаҳрванд тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ворид гардид, гумонбари содир намудани ҷинояти вазнин баъди беш аз 6 моҳ ошкор карда шуд.

Таъкид мешавад, ки роҳбарияти мақомоти умури дохилии пойтахт, ба шахси мусоидаткунанда 100 ҳазор сомонӣ мукофот, ки барои ошкорсозии ин ҷиноят эълон гардида буд, супорид.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ахиран хабар дод, бар асоси ахбороти воридгардида, нафаре, ки 15-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ронандаи таксӣ-Беков Зиёвиддинро захмдор карда буд, ошкор карда шуд.

 Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ғозиев Абдуҷаббори 25-сола сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст. Қобили зикр аст, ки номбурда собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан маҳбасӣ гардидааст. Инчунин, моҳи феврали соли ҷорӣ низ барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо мекунад.

Зикр мешавад, ки зимни пурсиш гумонбаршаванда Ғозиев Абдуҷаббор пурра ба ҷинояти содирнамудаи худ иқрор шуд. Ҳамзамон, далелҳои зимни коркардҳои ҷустуҷӯӣ ба даст омада, аз ҷониби номбурда содир гардидани ҷиноятро собит месозад, афзуд манбаъ.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед