Ru  | Tj
Тақдими худравҳои нав ва 20 ҳазор сомонӣ. Ҷуброни сонеҳаи Кӯлобро кӣ пардохт кард?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақдими худравҳои нав ва 20 ҳазор сомонӣ. Ҷуброни сонеҳаи Кӯлобро кӣ пардохт кард?
Акс: Аз манбаъи боз

Тақдими худравҳои нав ва 20 ҳазор сомонӣ. Ҷуброни сонеҳаи Кӯлобро кӣ пардохт кард?

Нашр шуд

Ба 8 ронандае, ки дар сонеҳаи Кӯлоб мошинҳояшон зарар дида буд, аз сӯйи кишвардори Тоҷикистон худравҳои нав тақдим карда шуд.

Дар ин бора Орзу Ҳамидиён, муовини шаҳрдори Кӯлоб ба Halva.tj хабар дод.

Ба иттилоъи ӯ, ба осебдидагон ҳамон анвоъи худраве дода шуд, ки қабл аз сонеҳа доштанд.

«Ҳамчунин ба оилаҳое ки наздиконашонро аз даст доданд, беш аз 20 ҳазор сомонӣ ба ҳар як кадом дода шуд», - афзуд муовини шаҳрдори Кӯлоб.

Ҳамидиён ҳамчунин гуфт, ки ба ҳама осебдидагон маводи ғизоӣ тақдим шуд ва сохтмони хонаҳои зарардида аз ҷониби ҳукумати кишвар оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол аз мақомоти вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби ҳукумати ин вилоят ва шаҳри Кӯлоб ба осебдидагон ба маблағи 285 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб 185 ҳазор сомонӣ кумакҳои молӣ ва ғизоӣ буда, 100 ҳазор барои сохтмони манзил пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин кумакҳо аз ҷониби шаҳрдори Ваҳдат ва вакилони Маҷлиси намояндагон шудааст. Маълум нест, ки миқдори ин кумакҳо чӣ миқдор аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки шоми 6-уми август дар Кӯлоб боркаши “Дулан” бинобар сабаби аз кор мондани турмуз ба самти муқобили роҳ баромада, ба даҳҳо худрави дигар бархӯрд.

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон хабар дод, ки дар пайи ин сонеҳа 10 кас куштаву 13 кас захмӣ шуд. Ахиран як тан аз захмиён Мадинаи Ҷумъахони 15-сола, ки дар бемористон бистарӣ буд, аз олам даргузашт.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сабаби тасодуфи ронандагӣ аз кор мондани турмузи боркаш мебошад.

Мақомоти додситонии Тоҷикистон дар робита ба ин сонеҳа парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар телегром моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед