Ru  | Tj
Тақдими китобҳои дарсӣ ба мактабҳои Хуҷанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақдими китобҳои дарсӣ ба мактабҳои Хуҷанд
Акс: "Россотрудничество"

Тақдими китобҳои дарсӣ ба мактабҳои Хуҷанд

Нашр шуд

Аз ҷониби "Хонаи русӣ" ба мактабҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 700 номгӯйи китоби дарсӣ туҳфа карда шуд. Дар ин бора намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин созмон, аз ҷониби "Хонаи русӣ" ба гимназияи №13-и Горкий дар шаҳри Хуҷанд китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ва дастурҳои таълимӣ аз фанҳои физик, адабиёт, риёзиёт, геометрия ва кимиё тақдим шуд. 

Ҳамзамон дар ин рӯз ба литсейи физику риёзиёти рақами 1-и академик Осимӣ дар Хуҷанд низ китобҳои дарсии информатика аз синфҳои 7 то 11 супорида шуд.

«Умедворем, ки ин китобҳои дарсӣ ба кӯдакон дар омӯхтани забони русӣ ва дар оянда дохил шудан ба мактабҳои олии Русия кумак хоҳанд кард», - гуфт Татяна Мудрова, сарпарасти намояндагии созмони "Россотрудничество"  дар Тоҷикистон.

Гуфтанист, гимназияи рақами 13 -и шаҳри Хуҷанд соли 1969 фаъол шуда, дар он 1705 нафар донишомӯз ба забони русӣ таълим мегиранд. Литсейи физику риёзиёти рақами 1  дар маркази вилояти Суғд соли 1991 ба фаъолият оғоз карда, дар ин муассисаи таълимӣ 832 нафар донишомӯз ба забони тоҷикӣ таълим мегиранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед