Ru  | Tj
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бахши такмили ихтисоси табибон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бахши такмили ихтисоси табибон
Акс: аз манбаъҳои боз

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бахши такмили ихтисоси табибон

Нашр шуд

Дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” дар шаҳри Душанбе боздид кард.


Дар доираи ин сафар ҷонибҳо инчунин дар заминаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси табибон тавофуқ карданд.

Дар Душанбе ахиран мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон таҳти роҳбарии раиси донишгоҳи мазкур Алиризо Золӣ баргузор шуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, зимни мулоқот Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар тамоми самтҳои тандурустӣ барои Душанбе яке аз афзалиятҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ яке аз беҳтарин мактабҳои тиббию таълимии Эрон ба шумор меравад, ки дорои факултаҳо ва марказҳои тадқиқотӣ буда, дар он олимон ва донишҷӯён дар риштаҳои гуногуни тиб омӯзиш мегузаронанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмию амалии якдигар, машварат ва гуфтугӯ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ ва тиббию илмӣ дар самти мубодилаи таҷриба, бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар Эрон ва мутахассисони эронӣ дар Душанбе, омода кардани мутахассисони илмию амалии соҳаи тандурустӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки Тоҷикистон ба он ниёз дорад, мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот байни Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Эрон ва Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар заминаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон, дар поёни вохурӣ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон ба Дориюш Раҷабов номзади илмҳои тиб, ангиоҷарроҳ, корманди “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”, ки давраи шашмоҳаи эндоваскуляриро дар донишгоҳи мазкур гузаштааст, дипломи байналмилалӣ супорида шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед