Ru  | Tj
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид

Нашр шуд

Рӯзи 14-уми марти соли равон Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори ин кишвар Адил Караисмаилоглу мулоқот анҷом дод.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқоти ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия ба баррасӣ кашида шудааст.

Ҳамчунин, миёни Гулов ва Караисмаилоглу перомуни масъалаи тақвият додани робитаҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифтааст.

Қобили қайд аст, ки моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Истанбул ҳамоиши ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия баргузор гардида, дар он зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби сад ширкати ватанӣ муаррифӣ гардида буд.


Тоҷикистон ва Қувайт ҳамкориҳоро дар бахшҳои сармоягузорӣ ва иқтисодиёт тақвият мебахшанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед