Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкориҳои Узбекистон ва Афғонистон
Нашр шуд
Дар шаҳри Тошканд ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони ду кишвар ва инчунин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Афғонистон баргузор шуд.
Дар намоишгоҳ 75 ширкат аз Афғонистон дар бахши саноати нассоҷӣ, заргарӣ, хӯрокворӣ, электротехникӣ ва маъдан, инчунин дар бахшҳои нақлиёт ва логистика ширкат карданд.
Дар ин нишаст Лазиз Қудратов, вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон ва Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва савдои ҳукумати Толибон*, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва беш аз ҳазор нафар намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар иштирок карданд.
Дар ин бора Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон хабар дод.
Ба иттилои ин манбаъ, тавсеаи тиҷорати мутақобила, афзоиши ҳамкориҳои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, фаъол гардонидани робитаҳои мутақобилаи соҳибкорон, зиёд намудани сафарҳои муштарак бо иштироки доираҳои тиҷоратии ду кишвар аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ду ҷониб ном бурда шуд.
Дар баробари ин тадбирҳо барои рушди минбаъдаи савдои мутақобила, аз қабили ҷорӣ кардани низоми шабонарӯзии гузаргоҳҳои марзӣ, таъсиси марказҳои рушди тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию инфрасохторӣ, ки ба рушди минбаъдаи содироти маҳсулот ба кишварҳои минтақа мусоидат хоҳанд кард, баррасӣ шуд.
Дар доираи чорабинӣ ҳайатҳо аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии «Made in Afghanistan» дидан карданд, ки дар он маҳсулоти 75 ширкати бузурги Афғонистон, ки дар соҳаҳои заргарӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, электротехникӣ, маъданӣ, нақлиёт ва логистика фаъолият мекунанд, ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар ҳошияи ин намоишгоҳ гуфтушунидҳои мустақим миёни тоҷирону соҳибкорони узбеку афғон ташкил карда шуданд, ки дар он соҳибкорон тавонистанд робитаҳои нави муфид барқарор намуда, ҷузъиёти техникии лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намоянд.
Гуфта мешавад, ки дар поёни ин ҳамоиш чанд созишномаи тиҷоратӣ дар соҳаи саноати кимиё ва кишоварзӣ, инчунин созишнома дар бораи таъсиси маркази логистикӣ миёни соҳибкорони Узбекистон ва Афғонистон ба имзо расид.
Дар ин миён таъкид мешавад, ки Афғонистон панҷумин бозори бузурги содиротии Узбекистон аст. Тайи панҷ соли ахир ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар тақрибан якуним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2023 ба 866 миллион доллар расидааст.
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки айни замон дар Узбекистон 550 корхона бо сармояи соҳибкорони афғон фаъолият дорад, ки 443 ширкати он 100 дарсад бо сармояи соҳибкорони афғон роҳандозӣ шудааст.
*- созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед