Ru  | Tj
Тағйироти кадрӣ дар 4 вазорати Тоҷикистон, дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва “Барқи Тоҷик”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар 4 вазорати Тоҷикистон, дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва “Барқи Тоҷик”
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар 4 вазорати Тоҷикистон, дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва “Барқи Тоҷик”

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон бо судури амру фармонҳо дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод.

Бо фармонҳои раисҷумҳур ва қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Ҷамшед Сафарзода ва Саидасрор Абдуллозода ба вазифаҳои масъули ҳайати фармондеҳии Вазорати дифоъ ва Нуралӣ Асозода муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Дар баробари ин Ашраф Гулов сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъйин гардид. Гулов то ин замон сафири Тоҷикистон дар Туркия буд. Аз сӯи дигар Баҳодур Шарифӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз симати сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб озод шуд.

Ҳамчунин бо амрҳои Эмомалӣ Раҳмон дар дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Аз ҷумла Маҳмуд Ҷумъазода мушовири калони раисҷумҳур дар масъалаҳои иқтисодӣ, Салим Салимзода сардори раёсати кишоварзӣ, Зулфия Давлатзода сардори раёсати рушди иҷтимоӣ, Маҳмуд Амирзода сардори раёсати рушди инфрасохтор, Сайазам Қодирзода сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Хуршед Арабзода сардори корхонаи “Таъмиру сохтмон”, Тоҷиддин Раҳимзода муовини сардори раёсати рушди инфрасохтор ва Фарҳод Собирзода раҳбари маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод”-и дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маводи мухаддир, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва раҳбари лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и ширкати “Барқи Тоҷик” кадрҳои ҷавону соҳибтахассус таъйин шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед