Ru  | Tj
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва судҳои Тоҷикистон. Кӣ омаду кӣ рафт?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва судҳои Тоҷикистон. Кӣ омаду кӣ рафт?
Акс: Интернет

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва судҳои Тоҷикистон. Кӣ омаду кӣ рафт?

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми март дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Ожонси беҳдошти замин ва обёрӣ, Ожонси омор, «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Тибқи қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз вазифаи муовини вазири маориф ва илм озод шуда, ба вазифаи раиси Донишгоҳи давлатии Данғара таъйин гардид. Шоҳиён Нуралӣ Набот, раиси пешини ин донишгоҳ бознишаста шуд.

Дар баробари ин Ситора Шерзода аз вазифаи муовини раҳбари Ожонси «Тоҷикстандарт» озод гардида, ба ҷойи ӯ Малоҳат Рустамзода интихоб шуд.

Ҳамчунин муовинони сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Ожонси беҳдошти замин ва обёрӣ низ иваз карда шуданд.

Инчунин Раъно Каримзода муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Зарина Назарзода муовини раҳбари Ожонси омор таъйин карда шуданд.

Дар идома бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон озод шуд. Инчунин Парвиз Мирзозода раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд таъйин гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед