Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ. Эркин Раҳматуллоев аз дипломатҳои ботаҷрибаи тоҷик бознишаста шуд
Нашр шуд
Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон рӯзи 31-уми май бо судури чанд фармон 5 сафири ин кишвар дар кишварҳои хориҷиро иваз кард.
Тибқи иттиллои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар асоси ин тағйироти кадрӣ Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон сафир дар Эстония, Латвия, Литва, Финланд ва намоянда дар мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шуд.
Ба ҷойи Ҳақдод ба унвони сафири Тоҷикистон дар Беларус ва кишварҳои назди Балтик Бахтовар Сафарзода, таъйин гардид. Сафарзода пеш аз ин намояндаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Маҷмаъи байнипарлумонии ИДМ буд.
Дар баробари ин яке аз дипломатҳои ботаҷрибаи тоҷик Эркинхон Раҳматуллозода аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Белжик, Нидерланд, Люксембург, намоянда дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), бо сабаби баромадан ба нафақа, озод гардид. Эркинхон Раҳматуллозода, ки моҳи майи имсол 70-сола шуд, қабл аз ин дар муддати 15 сол дар симати мушовири умури байналмилалии раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолият кард.
Ҳамакнун ба унвони сафири Тоҷикистон дар подшоҳии Белжик Музаффар Ҳусейнзода, ки то ин замон муовини вазири корҳои хориҷӣ буд, таъйин шуд.
Дар баробари ин Шараф Шерализода, яке дигар аз муовинони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз симаташ озод карда шуда, ба вазифаи сафири ин кишвар дар Суис (Швейтсария) мансуб шуд. Ҷамшед Ҳомидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод карда шуд.
Дар мавриди таъйини муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷойи Шерализода ва Ҳусейнзода иттилое нашр нагардид.
Инчунин Фаррух Шарифзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркманистон барканор шуда, ба ҷойи ӯ Вафо Ниятбекзода ба ин мақом таъйин шуд. Ниятбекзода то ин замон роҳбари бахши таҳлили сиёсӣ ва барномарезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
Дар идомаи тағйироти кадрӣ сафири Тоҷикистон дар Куреи Ҷанубӣ ҳам иваз шуда, ба ҷойи Юсуф Шарифзода ба симати сафир дар ин кишвар Далер Киромов мансуб гардид.
Бахши дигари тағйироти кадрӣ ба соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон марбут аст, ки тибқи он Икром Субҳонзода аз вазифаи раҳбари Ожонси назорат дар соҳаи маориф ва илми вобаста раёсатҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Сабаби барканории Субҳонзода гузаштан ба кори дигар зикр шудааст. Бояд гуфт, ки қаблан Икром Субҳонзода дар вазифаи раиси Ожонси ҳавонавардии кишварии Тоҷикистон низ фаъолият кардааст.
Дар ҳамин ҳол раҳбари нави Ожонси назорат дар соҳаи маориф Муҳаммадтоир Саидзода, ки то ин замон мудири Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор буд, таъйин шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед