Ru  | Tj
Табодули мутахассисони соҳаи рушди иҷтимоӣ байни Қувайту Тоҷикистон мавриди арзиёбӣ қарор гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Табодули мутахассисони соҳаи рушди иҷтимоӣ байни Қувайту Тоҷикистон мавриди арзиёбӣ қарор гирифт
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Табодули мутахассисони соҳаи рушди иҷтимоӣ байни Қувайту Тоҷикистон мавриди арзиёбӣ қарор гирифт

Нашр шуд

Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, ки Зубайдулло Зубайдзода сафири Тоҷикистон дар Қувайт бо Вазири умури иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои шаҳрсозӣ ва ободонии давлати Кувайт Муборак Зайд ал-Урв ал-Мутайрӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ дар дидор масъалаҳои тақвият ва густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳои рушди иҷтимоии ду кишвар ва ҳамчунин табодули таҷриба байни мутахассисон дар ин самт ба баҳс гирифта шудааст.

Қобили ёдоварист, ки моҳи декабри соли гузашта мудири кулли Бунёди Қувайт ба Тоҷикистон сафар карда ва перумони рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақомоти Тоҷикистон машварат анҷом дода буд.

Нишасту дидори сафири кишвар бо мақомоти қувайтӣ тақвият бахшидани робитаи иқтисодии ду кишвар арзёбӣ шудааст ва ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар ояндаи наздик ба манзури рушду густариши ҳамкориҳо ва дастгирии соҳибкорон, намоишгоҳҳои муштараки маҳсулоти кишоварзию саноатӣ баргузор карда мешавад.


Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни равобит бо Озарбойҷонро мусбат арзёбӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед