Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Табодули таҷриба миёни пизишкони Тоҷикистон ва Эрон дар табобати атфол
Нашр шуд
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи тандурустӣ, як гурӯҳ мутахассисони эронӣ ба Душанбе омада, бо ҳамтоёни хеш табодули таҷриба намуданд. Аз ҷумла радиолог Муртазо Сонеи Тоҳирӣ ба “Маркази ҷумҳуриявии тиббию гинетикӣ”-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон омад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, радиолог Муртазо Сонеи Тоҳирӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисон, аз ҷумла акушер-гинекологон дар Душанбе ташхиси то таваллуд ба 22 нафар занҳои ҳомила дар муҳлати 11-14 ва 18-21 ҳафтаи ҳомиладорӣ гузаронид.
Гуфта мешавад, ки дар рафти ташхиси скрининги пренаталӣ дар 5 нафар зани ҳомила нуқсон ва иллатҳои ирсии модарзодии тифл дар дохили батни модар дарёфт гардид.
Ҳамзамон дар заминаи ташхисҳои муосири тиббӣ дар самти дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл, навгониҳои ташхисии бемориҳои занона низ бо иштироки мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик семинар-машварати амалӣ баргузор гашт.
Инчунин дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ ба як нафар зан дар ҳолати баланди Синдром Даун амалиёти инвазивии Амниосентез, озмоиши обҳои назди тифлӣ низ гузаронида шуд.
Таъкид мешавад, ки ҳадафи баргузор намудани мулоқот ва семинар-машваратҳои амалӣ бо иштироки мутахассисони варзидаи кишварҳои хориҷӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва боло бурдани донишу таҷриба ва малакаи мутахассисони тоҷик мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар ҳамзамон мутахассисони эронӣ дар як қатор муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе низ бо ҳамтоёни тоҷики хеш дар мавриди ташхису табобати бемориҳои гуногун низ табодули таҷриба намуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед