Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Табрикот ва тавсияҳои Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон
Нашр шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният намуда, ба ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъкиду тавсияҳои худро баён намуданд.
Аз савдогарону соҳибкорон даъват намуданд, ки бо сабаби талабот ба маҳулотҳои зарурӣ ба болоравии нархҳо роҳ надиҳандм ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд то, ки мардум бо душвориҳо дучор нагарданд. Инчунин, дар моҳи хайру саховат аз кумак намудан ба ятимону, маъюбон ва оилаҳои камбизоат аз хотир набароранд ва саҳми худро гузоранд.
Инчунин аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки аз харҷҳои барзиёду исрофкорӣ худдорӣ намоянд ва захираҳои худро барои ояндаи фарзандҳояшон ва ободии рузғорашон масраф кунанд. Дар ин моҳ ба тоату ибодат, бахшидани гуноҳи якдигар ва меҳрубони нисбат ба наздикон машғул шаванд, зеро ин беҳтарин фазилатҳои шариати инсонӣ мебошад.
Ба ғайр аз ин Роҳбари давлат қайд намуданд, ки ба кормандони дар саноати вазнин, амнияти озуқаворӣ, истеҳсолот фаъолият мекунанд нагирифтани Рӯза гуноҳ ҳисобида намешавад.
Шурои уламои Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро 13 апрел эълон намудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед