Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати "Иди Парчам"
Нашр шуд
Ҳар сол Тоҷикистон рузи 24 ноябр, сар карда аз соли 2009 иди парчамро таҷлил мекунад. Мақсади ҷашн гирифтани иди парчам бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандустии шаҳрвандон мебошад. Ҳамасола дар кучаю хиёбонҳои шаҳр парчамҳо овезон мешаванд ва маросимоҳои тантанавӣ бо иштироки ҷавонон мегузашт, мардум парчам ба даст сайру гашт мекарданд. Имсол бошад аз сабаби сар задани бемории сироятии Коронавирус чунин ҷашнҳо маҳдуд карда шуд.
Президенти Ҷумҳурӣ, Пешвои миллат Э. Раҳмон имрӯз мардуми кишварро бо иди парчам табрик намуданд ва қайд намуданд, ки “Ҳар як давлати мустақил аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба шарофати парчами худ эътироф ва эҳтиром карда мешавад. Ин шаҳодат, рамзи таърихи бостонӣ ва фарҳанги бойи миллати тоҷик аст, ки ҳар як узви ҷомеаро вазифадор мекунад, ки ин рамзи муқаддаси миллиро гиромӣ дорад”.
Дигар иқтибосҳои Э. Раҳмон ба муносибати Иди Парчам дар поён оварда шудааст:

“Воқеан, парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оинҳои деримани давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо ба роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад”.
“Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рузҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо карданд”.
“Баъди қабули парчам миллати мо онро ҳамчун ливои озодиву истиқлол ва воситаи сарҷамъиву ба ҳам омадан ба даст гирифта, давлати ҷавони худро аз вартаи ҳалокат ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшид”.
“Таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандонӣ шуҷои ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад”.
“Минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард".
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед