Ru  | Tj
Таэквандочиёни шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё шикаст хӯрданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таэквандочиёни шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё шикаст хӯрданд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Таэквандочиёни шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё шикаст хӯрданд

Нашр шуд

Рӯзҳои 21-22-уми май дар шаҳри Аммони Урдун бо иштироки 84 варзишгар аз 28 давлати қораи Осиё мусобиқаи таэквандо баргузор шуд.

Варзишгарони тоҷик оид ба таэквондо дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё натавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар варзишгар – Муниса Ойматова (-49кг), Моҳру Ҳалимова (+67кг) миёни бонувон, Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-80кг) миёни мардон, ки дар Урдун баргузор гардид, иштирок карданд.

Муниса Ойматова дар даври аввал аз намояндаи Покистон Оиша Афсар шикаст хӯрд. Муҳаммадҷон Суннатов дар даври аввал варзишгари Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ Мустафо Қарниро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Кайрат Саримсоқов шикаст хӯрд. Хуррам Меҳтаршоев дар чорякфинал бар намояндаи Қатар Алӣ Алараимӣ пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Тайпей Вей-Тинг Лиу ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари Қирғизистон Акбар Айтахунов мағлуб шуд.

Моҳру Ҳалимова дар нимфинал аз намояндаи Қазоқистон Кансел Дениз ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз намояндаи Филиппин Кирстӣ Алора шикаст хӯрд.

Бояд гуфт, ки аз 16 квотаи пешбинишуда дар мусобиқаи интихобии Осиё: Тайпей 4, Ӯзбекистон 3, Урдун ва Қазоқистон 2, Ветнам, Эрон, Тайланд, Филиппин ва Чин як роҳхатӣ ба даст оварданд.

Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ аз рӯи намуди таэквондо ба анҷом расиданд. Намояндагони 57 давлат тавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оранд. Мусобиқаи таэквандо дар Бозиҳои олимпии Токио-2021 аз рӯи 8 категорияи вазнӣ (4 вазн миёни мардон, 4 вазн миёни бонувон) бо иштироки 128 варзишгар (дар ҳар вазн 16 нафар) баргузор мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар Қирғизистон сазовори медал шуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед