Ru  | Tj
Таъкиди раҳбарии Ҳукумати Тоҷикистон ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таъкиди раҳбарии Ҳукумати Тоҷикистон ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ
Акс: Интернет

Таъкиди раҳбарии Ҳукумати Тоҷикистон ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Нашр шуд

 Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ба беҳсозии шароити сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъкид сурат гирифт.

 Дар маҷлиси навбатӣ нахуст дар бораи ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Нақша оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ҳисоботи вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода ба раисҷумҳур ва дигар масъулини ҳукумат ироа гардид.

 Дар ин нишаст барои тақвият бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии кишвар бо иқдоми раисҷумҳур аз тарафи ҳукумати кишвар як қатор имтиёзҳо пешниҳод гардид. 

 Дар асоси кодексҳои андоз ва гумруки Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2021” барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад.

 Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, воридоти сармояи умумии хориҷӣ дар бахши кишоварзӣ дар соли 2021 афзоиш ёфта, он нисбат ба соли 2020 16, 9 миллион доллари амрикоӣ зиёд гардидааст. 

 Дар соли 2020 воридшавии сармоягузории мустақим дар соҳаҳои парвариши зироат, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ 11,3 миллион доллари амрикоӣ ва парвариши паранда 285 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.

Раисҷумҳури кишвар ба Вазорати кишоварзӣ дастур додааст, ки барои густариш ва тақвияти сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ илова  бар тадобири кунунӣ нақшаҳо барои 2022-ро низ ба маҷлиси баъдии ҳукумат пешниҳод кунад.


Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон мулоқот намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед