Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Талаботи нав барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ ҷорӣ шуд
Нашр шуд
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2025 ба муқаррароти гирифтани маълумотнома дар бораи собиқаи маҳкумият ё худ доғи судӣ шарти нав ворид карда шуд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шуруъ аз 1 январи соли 2025 шаҳрвандон ҳангоми гирифтани маълумотнома дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ, ҳатман маълумотнома дар бораи гузаштан аз сабти изи даст (дактилоскопия)-ро бояд пешниҳод намоянд.
Дар ин замина ба фармоиши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Дар бораи Дастурамал оид ба пешниҳод намудани маълумот дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ”, тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Барои дарёфти маълумотномаи мазкур шаҳрвандон бояд нусхаи санади тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи тағйири ному насаб (ҳангоми мавҷуд будан) шаҳодатномаи таваллуд барои ноболиғон, маълумотнома дар бораи гузаштан аз сабти изи даст (ба истиснои ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд) ва расиди пардохти хизматрасониро пешниҳод кунанд.
Ҳангоми ғайриимкон будани ҳузури шахс, ки қаблан аз қайди давлатии изи даст гузаштааст, бо ариза оид ба масъалаи пешниҳод намудани маълумот дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ, шахси ваколатдори ў бо санади тасдиқкунанда метавонад муроҷиат кунад.
Дар ин замина таъкид мешавад, ба шахсе, ки қаблан аз қайди давлатии изи даст нагузаштааст маълумот дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ, тариқи ғойибона пешниҳод карда намешавад.
Кормандони масъули Раёсати ташхисӣ-криминалистӣ барои аз қайди давлатии изи даст гузаронидани шаҳрвандон ва санҷидани онҳо, дар нуқтаи гирифтани изи даст дар шафати бинои асосии Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон як шарти қабули шаҳрванд ба кор ин пешниҳоди маълумотнома дар бораи доғи судӣ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед