Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
«ТАЛКО» тавлиди маҳсулотро беш аз 27 дарсад зиёд кард
Нашр шуд
Бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон - «ТАЛКО» дар се моҳи соли равон наздики 20 ҳазор тон алюминийи аввалия истеҳсол кард. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" иттилоъ медиҳад.
Ин манбаъ менависад, ки истеҳсоли алюминийи аввалия дар корхонаи «ТАЛКО» дар семоҳаи якуми соли равон 19 ҳазору 731,75 тонро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи соли гузашта 4235,8 тон ё 27,3 дарсад зиёд мебошад.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2024 бо назардошти ба кор андохтани электролизёрҳои нав истеҳсоли алюминийи аввалияро 25 дарсад нисбат ба соли 2023, яъне то 84 ҳазор тон расонад.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки соли равон ширкати "ТАЛКО" нақша дорад, ки 96 электролизёрро ба маблағи 146,2 милён сомонӣ таҷдид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Теъдоди умумии электролизёрҳои амалкунанда дар ин корхонаи бузурги саноатӣ охири моҳи марти соли равон 211 адад аст. Бояд гуфт, электролизёр таҷҳизоти асосӣ барои тавлиди алюминийи аввалия аст.
Дар баробари ин ширкати «ТАЛКО» соли 2024 корхонаҳои саноатии дохилӣ 2 ҳазору 883,5 тон алюминий ба маблағи 70,4 милён сомонӣ таъмин кард. Ҳамчунин маҳсулоти ин корхонаҳо ба Узбекистон, Қирғизистон, Туркия ва Эрон содирот мешавад.
Маблағи фурӯши маҳсулоти ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар семоҳаи якуми соли равон беш аз 143 милён сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 28 милён сомонӣ зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, ки дар айни замон бевосита дар корхонаи тавлиди алюминий 4800 коргару мутахассис дар дигар корхонаҳои марбут ба «ТАЛКО групп» 2000 кас фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки ин корхонаи азими саноатии Тоҷикистон моҳи марти соли 1975 ба фаъолият оғоз кард. Муассиси ширкати «ТАЛКО» ҳукумати Тоҷикистон буда, 100% саҳмияҳо мутааллиқ ба давлат аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед