Ru  | Tj
Талоши Точикистон барои зиёд кардани содироти маҳсулот ба Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Талоши Точикистон барои зиёд кардани содироти маҳсулот ба Русия
Акс: аз манбаъҳои боз

Талоши Точикистон барои зиёд кардани содироти маҳсулот ба Русия

Нашр шуд

Душанбе азм дорад, маҳсулоти бештарро ба Русия содир кунаду аз он ҷо сармояи бештарро ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб намояд.

Дар ин бора пас аз мулоқоти муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Ашӯрбой Солеҳзода бо муовини вазири рушди иқтисоди Русия, Дмитрий Волвач, ки дар ҳамоиши и байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор гардид, эълон шуд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҷалби сармоя аз Русия ба иқтисоди Тоҷикистонро низ баррасӣ кардаанд. Дар мулоқот инчунин раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод ва муовини раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон Хуршеда Қодирӣ низ иштирок намуда, пешниҳодҳои худро барои рушди ҳамкориҳо ба ҷониби Русия ироа карданд.

Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Русия бузургтарин шарики тиҷоратии ин кишвар маҳсуб мешавад ва “дар даҳ соли охир дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар мақоми аввал аст”.

Дар соли 2023 муомилоти тиҷоратӣ байни кишварҳо тақрибан 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки дар моҳҳои январ-апрели соли 2024 ба ҳадди рекордӣ расид.

Дар ин 4 моҳ тиҷорат миёни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 24 фоиз афзуда, ба 636,8 миллион доллар расид.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, воридот аз Русия нисбат ба содирот ба таври қобили мулоҳиза зиёд аст. Дар ин чаҳор моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 600,7 миллион доллар маҳсулот ворид карда шуда, содирот ба Русия 36,1 миллион долларро ташкил додааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед