Ru  | Tj
«Таъмини суботу оромӣ дар марз». Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуфтанд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Таъмини суботу оромӣ дар марз». Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуфтанд?
Акс: хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд

«Таъмини суботу оромӣ дар марз». Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуфтанд?

Нашр шуд

Дар гузаргоҳи марзии «Қизил-Бел»-и Қирғизистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Бодканд таҳти раҳбарии раисони ду вилоят баргузор шуда, ҷонибҳо масоили таъмини суботу оромӣ дар минтақаҳои наздимарзиро баррасӣ карданд.

Ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ахиран дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-Бел»-и Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд баргузор гардида, гурӯҳҳои кориро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Абдукарим Алимбоев   роҳбарӣ намуданд.

Инчунин дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, марзбонӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Бодканд ва Лейлек низ ширкат карданд.

Ба навиштаи ин манбаъ, зимни мулоқоти ҷонибҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш дода шуд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд, то сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез дода нашаванд.

Дар ин замина зикр шуд, ки бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар мавриди таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт натиҷаҳои хуб ба даст омадааст.

Дар баробари ин дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври навбатии мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита ба ҳалли мушкилоти марзӣ рӯзҳои 10-16 март дар Душанбе баргузор шуд.

Тибқи омори расмӣ, тӯли марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон 972 километр буда, 682 километри он мушаххас ва 290 километри боқӣ баҳснок маҳсуб мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед