Ru  | Tj
Тамринҳои ҳарбӣ бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Белорус

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тамринҳои ҳарбӣ бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Белорус

Тамринҳои ҳарбӣ бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Белорус

Нашр шуд

Аз 12 то 16 октябр дар вилояти Витебск Белорус таҳти унвони “бародарии пойдор” тамринҳои ҳарбӣ бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД мегузарад.

Низомиёни Тоҷикистон дар тамринҳои СААД дар Беларус иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Арманистон бошад аз сабаби бесарусомонӣ дар кишвар ва муноқиша бо Озарбойҷон, ки аз 27 сентябр инҷониб дар минтақаи низои Қарабоғ амалиёти шадид идома дорад, иштирок нахоҳад кард. 

Дар ин тамринҳо контингентҳои кишварҳои узви СААД, гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва котиботи СААД, нерӯҳои полис (милитсия) -и кишварҳо ва воҳидҳои вазоратҳои ҳолатҳои фавқулода иштирок мекунанд.

Ғайр аз ин, намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба ҳайси нозир ширкат меварзанд.
Ин дафъа мавзӯи машқҳо омодагӣ ва гузаронидани амалиёти сулҳҷӯёна аз ҷониби Нерӯҳои дастаҷамъии сулҳи СААД хоҳад буд ва дар марҳилаи дуввум амалҳои воҳидҳои СМС ҳангоми гузаронидани амалиёти сулҳ амалӣ карда мешаванд.

Кишварҳои аъзои СААД шаш давлатро дар бар мегирад  - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед