Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тамринҳои муштараки воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви СПАД ба поён расид
Нашр шуд
Рӯзҳои 4-5 сентябр дар вилояти Алмаатои Қазоқистон машқҳои муштараки тактикӣ ва махсуси «Сахра-2024» бо ширкати воҳидҳои наҷот, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви СПАД доир шуд.
Дар ин тамрин наҷотбахшон аз Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат варзиданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин манбаъ, рӯзи 4 сентябр ду марҳилаи машқҳо таҳия гардида, дар доираи он дар шакли кори ситодҳои фаврӣ дар ҳолати таҳдид ва ҳодисаи заминларза ташкил карда шуд. Марҳилаи сеюм - қисми амалии машқҳо дар пойгоҳи тамринии «Рок-Сити-Остона» баргузор шуд.
Рӯзи 5 сентябр бошад бо ҳузури раҳбарони мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия маросими пӯшидашавии тамринҳо баргузор гардид.
Тибқи нақшаи машқҳо дар ҳудуди шаҳрак дар натиҷаи заминларзаи харобиовар бинову иншооти истеҳсолӣ хароб шуда, пул фурӯ рехта, аз омилҳои дуюмдараҷа моддаҳои хатарноки кимиёвӣ ва радиоактивӣ берун омада, сӯхторҳои гуногун ва талафоти ҷонӣ ба амал омад.
Наҷотдиҳандагон бо истифода аз ҳавопаймоҳо мушоҳидаи минтақаи зилзиларо анҷом дода, дастаҳои наҷотбахши таъиноти махсусро бо кинологҳо ба замин фуруд оварданд. Амалиёти наҷотро дар минтақаи харобшавии иншооти сохтмонӣ ва дар шароити олудашавии кимиёвии минтақа, безараргардонии минтақа анҷом доданд.
Илова бар ин, чорабиниҳои муштарак оид ба хомӯш кардани сӯхтор ва анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва садамавӣ дар нақлиёти роҳи оҳан, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон, ҷойгир ва ташкили кори бошишгоҳи саҳроӣ барои аҳолии зарардида, лабораторияи кимиёвии саҳроӣ таҳия карда шуданд.
Дар рафти корҳои имдодрасонӣ воҳидҳои оташнишонӣ ва наҷот, ҳавопаймоҳои наҷот, як ҳавопаймои бесарнишин ва таҷҳизоти роботӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ин тамринот наҷотдиҳандагони кишварҳои узви СПАД на танҳо малакаҳои амалии худро дар рафъи оқибатҳои заминларзаи харобиовар такмил доданд, балки дар самти баргузории корҳои имдодрасонӣ табодули таҷриба карданд.
Дар маҷмуъ, машқҳои воҳидҳои наҷотбахши панҷ кишвар нишон доданд, ки нерӯҳои муштарак қодиранд дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда бомуваффақият ҳамкорӣ кунанд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед