Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тамринҳои пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон: Барои дафъи ҳамлаи душман дар шароити гуногун
Нашр шуд
Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон панҷ машқи тактикӣ баргузор кардааст.
Ба гузориши Sputnik ба нақл аз Хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ, дар пасманзари ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи шимолии бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон дар ҳарбмайдонҳои кишвари мо панҷ марҳилаи машқҳои асосии пойгоҳи 201-уми Русия баргузор шудааст.
Манбаъ гуфтааст, ки ба ин машқҳо тақрибан 3 ҳазор низомӣ ҷалб гардида, сарбозони пойгоҳи 201-ум барои дафъи ҳамлаи душман дар шароити гуногун тамрин кардаанд.
Дар ин тамринҳо туфангҳои мотордор, танкҳо, артиллерия ва экипажҳои системаҳои зиддимушакии S-300PS -и пойгоҳи ҳарбии 201-ум ба кор бурда шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки давоми як моҳи ахир вазъият дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон нигаронкунанда боқӣ монда, ҷангиёни ҳаракати Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистон) чандин манотиқи ҳаммарз бо кишвари моро таҳти тасарруфи худ даровардаанд ва шумори низомиёни аз дасти Толибон фирорнамудаи кишвари ҳамсоя ба мамлакати мо ба беш аз 545 нафар расидааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед