Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тамринҳои СПАД бо номи "Кобалт-2024" дар Новосибирск оғоз шуданд
Нашр шуд
Дар вилояти Новосибирск маросими ифтитоҳи тамрини вижаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо номи "Кобалт-2024" таҳти раҳбарии Горди миллии Русия баргузор шуд.
Дар рафти машқҳо шаклу усулҳои нави амалиёти воҳидҳои низомӣ, нерӯ ва таҷҳизот санҷида шуда, намунаҳои нави аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, инчунин усулҳои тактикии истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин тамрин мешаванд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
«Айни замон вазъият дар ҷаҳон ноором буда, дар шароити афзоиши фаъолияти террористӣ, талошҳо барои халалдор сохтани сохти қонунӣ, барангехтани низоъҳои мусаллаҳона ва ҷангҳо мо бояд ҳамеша дар омодабошии ҷангӣ қарор дошта, фаъол бошем. Дар ҷараёни машқҳо усулҳои амалиёти воҳидҳои муштараки низомӣ, навъҳои нави аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, инчунин усулҳои тактикии истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин, таҷҳизоти кашф ва таъминоти муҳандисӣ озмуда мешаванд», - гуфт генерал-полковник Николай Марков, фармондеҳи ҳавзаи низомии Сибири Гвардияи миллии Русия.
Бояд гуфт, ки дар ин машқҳои низомии СПАД намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат доранд.
Дар рӯзи аввали машқҳо миёни намояндагони нерӯҳои вижаи кишварҳои ширкаткунанда дар машқҳои "Кобалт-2024", мусобиқаи тирпарронӣ аз силоҳи дастӣ баргузор шуд.
Дар чаҳорчӯби ин тамрин, ки рӯзи 16 август ба поён мерасад, ширкаткунандагон таҷриба ва малакаи ҳамкории воҳидҳои нерӯҳои вижаро такмил медиҳанд. Воҳидҳое, ки ба ҳайати нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СПАД дохил мешаванд, дар амалиёти муштарак дар заминаи ҷустуҷӯ, ошкор ва нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҷрибаи амалӣ хоҳанд гирифт. Дар рӯзи охир бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, нерӯҳои махсус ҳамла ба бино ва мошинҳо, озод кардани гаравгонҳо ва безараргардонии ҷангҷӯёнро машқ мекунанд.
Қаблан Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфта буд, ки ин созмон дар соли 2024 тамрини муштараки низомиро дар қаламрави Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мекунад.
Гуфтанист, 20 апрели соли 1994 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ эътибор пайдо кард, ки баъдан дар асоси он Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ таъсис ёфт. Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон узви СПАД ҳастанд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед