Ru  | Tj
Тамринҳои зиддитеррористии СҲШ дар Чин

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тамринҳои зиддитеррористии СҲШ дар Чин
Акс: аз манбаъҳои боз

Тамринҳои зиддитеррористии СҲШ дар Чин

Нашр шуд

Дар Чин тамринҳои хадамоти вижаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой таҳти унвони “Ҳамкории мутақобила – зиддитеррор – 2024”  баргузор шуданд.

Дар ҷараёни машқҳо, нерӯҳои вижаи СҲШ аз ҷумла, роҳҳои мубориза бо терроризми кибериро тамрин карданд.

 Дар Чин машқҳои муштараки хадамоти вижаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) бо истифода аз фановариҳои иттилоотиву иртибототӣ бо номи «Ҳамкори мутақобила – зиддитеррор – 2024» баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ хабар медиҳад.

«Тибқи қарори Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ аз 8 сентябри соли 2023 дар Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ машқҳои муштараки зиддитеррористии «Ҳамкории мутақобила – зиддитеррор-2024»-ро баргузор карданд», - хабар медиҳад ин ниҳод.

Ҳадаф аз баргузории ин тамринот омода кардани воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ барои амалҳои муштараки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ дар ҳолати содир шудани ҳамлаи террористӣ ё таҳдиди содир шудан дар қаламрави созмон, аз ҷумла бо истифода аз фановариҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ аст.

Дар баробари ин, дар самти мубориза бо терроризми киберӣ, чорабинии муштараки зиддитеррористӣ ҷиҳати саркӯби фаъолияти гурӯҳи террористӣ ва аз байн бурдани таҳдидоти террористӣ низ тамринҳо анҷом дода шуд.

Дар ин хабар таъкид мешавад, баргузории муваффақи тамринҳо сифати ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ тавсеа ёфтааст, мавриди санҷиш қарор дод. Инчунин зикр мешавад, ин тамринҳо имкон дод, ки зарфияти техникӣ ва тактикии нерӯҳои зиддитеррористӣ афзоиш ёфта, тадқиқоти судманд дар заминаи роҳандозии иқдомоти муштарак бо ҳадафи таъмини амният ва субот дар минтақа, анҷом дода шавад.

Гуфтанист, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони байналмилалӣ аст, ки 15 июни соли 2001 дар Шонгҳойи  Чин таъсис ёфт.

Дар ибтидо ба ин созмон Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Узбекистон шомил буд. Сипас Ҳиндустон ва Покистон дар соли 2017 ва Эрон дар соли 2023 ба СҲШ шомил шуданд. Аз 4 июли соли ҷорӣ бошад Беларус низ расман узви даҳуми комилҳуқуқи СҲШ гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед