Ru  | Tj
Таъму сифати хуб. Ҷопон харидори ангури шаҳдбори Тоҷикистон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таъму сифати хуб. Ҷопон харидори ангури шаҳдбори Тоҷикистон шуд
Акс: Интернет

Таъму сифати хуб. Ҷопон харидори ангури шаҳдбори Тоҷикистон шуд

Нашр шуд

Кишвари Ҷопон аз Тоҷикистон хост, ки содироти ангур ба ин кишварро ба таври васеъ оғоз намояд ва барои роҳандозии ин кор аз тарафи Вазорати кишоварзӣ масъулин вобаста шаванд.  

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ, ин матлаб дар дидори Саъдӣ Каримзода бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон Кейҷи Фуруя  баён гардид. 

Дар ин мулоқот, ки рӯзи 2-юми август баргузор гашт, зимни баррасии масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ ба масъалаи содироти ангур аз Тоҷикистон ба Ҷопон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Манбаъ меафзояд, Фуруя дар ин дидор аз Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода хостааст, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба содироти ангур аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ масъулин вобаста карда шаванд  ва дар бораи навъҳои ангури ба содирот нигаронидашуда маълумот пешниҳод намоянд.

Ин намояндаи Ҷопон таъкид доштааст, ки кишвараш омодаи қабули ангурҳои шаҳдбори Тоҷикистон аст.

Бояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон 35 ҳазор гектар токзори мевадиҳанда мавҷуд буда, деҳқонони тоҷик 20 навъи ангур парвариш менамоянд. 

Соли гузашта дар кишвар 270 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ гардида, аз ин миқдор 52 ҳазор тоннаи он  содирот шудааст. Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон харидорони аслии ангури Тоҷикистон мебошанд.

Бар пояи омори расмӣ, муомилоти молии Тоҷикистону Ҷопон дар  соли гузашта ба 88,8 ва шаш моҳи соли ҷорӣ ба 49,5 миллион доллар баробар будааст. 

Хушкмева ва асали Тоҷикистон ба Фаронса содир карда мешавад 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед