Ru  | Tj
Тарҳи безарарсозии партовгоҳҳои уран дар шаҳри Истиқлол дар шимоли Тоҷикистон ба поён расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тарҳи безарарсозии партовгоҳҳои уран дар шаҳри Истиқлол дар шимоли Тоҷикистон ба поён расид
Акс: Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон

Тарҳи безарарсозии партовгоҳҳои уран дар шаҳри Истиқлол дар шимоли Тоҷикистон ба поён расид

Нашр шуд

Имрӯз, 2-юми октябр, дар минтақаи Табошари шаҳри Истиқлол бо ҳузури Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, муовини мудири кулли ширкати «Росатом» Николай Спасский, ҳамчунин раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими анҷоми лоиҳаи безарарсозии партовгоҳҳои уран баргузор шуд.

Тавре ки аз Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳа аз ҷониби ширкати давлатии «Росатом» таҳия шуда, тайи 10 соли охир амалӣ карда шуд. Он барои ҳалли мушкилоти марбут ба пайомадҳои зистмуҳитии фаъолияти партовгоҳҳои уран дар қаламрави ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таҳия шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа тамоми вижагиҳои зистмуҳитии минтақа, олами набототу ҳайвоноти ноҳияи Табошар ба назар гирифта шудаанд. Дар баробари ин лоиҳа аз ҳама санҷишҳои ниҳодҳои зиддахли давлатии Тоҷикистон ва Русия гузаштааст.

“Татбиқи ин лоиҳа дар ниҳояти кор боиси беҳтар шудани вазъи муҳити зист ва сатҳи зиндагии аҳолӣ гардида, дар маҷмӯъ ба рушди иҷтимоъиву иқтисодии минтақа низ мусоидат мекунад”, - таъкид карданд дар Вазорати саноат ва фанновариҳои навин.

Бояд гуфт, қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар пайи корҳои анҷомшуда баландии теппаи партовҳои «уран» аз 65 метр то 36 метр кам карда шуд. Дар натиҷа тибқи натиҷаҳои арзёбии Ожонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон, шуъоафкании радиатсионӣ дар ҳудуди партовгоҳи безараршуда 10 маротиба кам гардида, ба 0,2 мкЗв/соат расид, ки ин мувофиқи меъёр аст.

Гуфтанист, кони Табошар дар наздикии шаҳри Истиқлоли ҳозира ҳанӯз соли 1925 кашф шуда, яке аз бузургтарин конҳои урани замони шӯравӣ буд.  

Дар ин кон аз соли 1944 то соли 1965 истихроҷи фаъоли уран идома дошт, ки дар натиҷа кӯҳи азиме аз партовҳои радиатсионӣ дар наздики шаҳри Табошар дар фазои боз падид омад.

Гуфта мешавад, ки масоҳати ҳудуди минтақаи партовгоҳи радиатсионӣ дар мавзеъи Табошари шаҳри Истиқлол беш аз 7 ҳектор аст. Барои корҳои безараргардонӣ дар минтақаи Табошари шаҳри Истиқлол, тибқи созишномаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, 10 милён сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед