Ru  | Tj
Тарҳи нерӯгоҳи атомӣ дар Узбекистон вориди марҳилаи иҷроӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тарҳи нерӯгоҳи атомӣ дар Узбекистон вориди марҳилаи иҷроӣ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Тарҳи нерӯгоҳи атомӣ дар Узбекистон вориди марҳилаи иҷроӣ мешавад

Нашр шуд

Миёни Узбекистон ва Русия санад дар бораи оғози кор дар лоиҳаи нерӯгоҳи атомӣ ба имзо расид. Иқтидори нерӯгоҳи атомӣ тибқи лоиҳа 330 МВт хоҳад буд.

«Атомстройэкспорт», ширкати фаръии «Росатом»-и Русия ва «Узатом», корхонаи давлатии Узбекистон дар бораи оғози кор дар майдони сохтмони неругоҳи атомии оянда дар Узбекистон санад имзо карданд.

Дар ин бора сомонаи gazeta.uz иттилоъ медиҳад.

Дар ин санад иҷрои шартҳои аввалия дар мавриди уҳдадориҳои техникӣ ва молиявии тарафҳо тасдиқ мешавад. Гуфта мешавад, ки бахши муҳандисии ширкати «Росатом» ба таҳияи аснод барои гирифтани иҷозатнома барои ҷойгиркунии неругоҳи барқи атомӣ ва корҳои тадқиқотӣ дар майдони сохтмон шуруъ мекунад.

“Имзои санади мазкур барои гузариш ба татбиқи лоиҳаи аввалин неругоҳи атомӣ дар Ӯзбекистонро имкон медиҳад, дар ояндаи наздик корҳои мустақимро дар майдони сохтмон оғоз кунем», - таъкид кард Отабек Аманов, сардори раёсати сохтмони неругоҳи атомӣ дар назди ширкати «Узатом».

Ёдовар мешавем, ки қарордоди сохтмони аввалин неругоҳи атомӣ дар Узбекистон рӯзи 27 майи соли ҷорӣ байни ширкати «Атомстройэкспорт» ва «Узатом» дар чаҳорчӯби сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар Тошканд имзо шуда буд.

Тибқи лоиҳа бунёди неругоҳи хурди ҳастаӣ бо иқтидори умумии 330 МВт (6 реактори ҳар кадомаш 55 МВт) дар вилояти Ҷиззах дар наздикии кӯли Тузкан пешбинӣ шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед