Ru  | Tj
Таърихи тоза: Паҳлавони тоҷик ҷудокори рақами яки ҷаҳон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таърихи тоза: Паҳлавони тоҷик ҷудокори рақами яки ҷаҳон шуд
Акс: Радио Озоди

Таърихи тоза: Паҳлавони тоҷик ҷудокори рақами яки ҷаҳон шуд

Нашр шуд

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов пас аз комëбӣ дар Қаҳрамонии ҷудои бузургсолони Осиё дар ин риштаи куштӣ рақами як дар ҷаҳон шуд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, пас аз ба даст овардани нишони нуқра ва 500 имтиëз дар қаҳрамонии ҷудои бузургсолони Осиё дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон Темур Раҳимов бо 3995 имтиëз дар вазни ҷамъи сад килограмм дар радабандии ҷаҳонӣ ба мақоми нахуст расид.

Манбаъ меафзояд, Темур Раҳимов дар ин сабқати байналмилалӣ ду варзшгари узбекистониро шикаст додаву ба марҳилаи ниҳоӣ расид ва дар финал аз паҳлавони машҳури ҷопонӣ Кагуеро Когоро шикаст хӯрд.

Қабл аз рақобатҳои ҷудои Осиё 2022 ин паҳлавони маъруфи тоҷик бо 3495 имтиёз  дар радабандии ҷаҳонӣ   мақоми севвумро ишғол мекард. Аммо аввалин бор дар таърихи ҷудои тоҷик аст, ки як паҳлавони кишвар дар радабандии ҷаҳонӣ ба садр менишинад.

Дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 182 варзишгар аз 19 кишвари Осиё иштирок доранд. Тоҷикистонро дар ин сабқати байналмилалӣ нуҳ
паҳлавонон муаррифӣ мекунанд. Аммо то ҳанӯз ягон паҳлавони тоҷик ба гирифтани нишони тило даст наëфтааст.

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 81кг медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд, Беҳрӯз Хоҷазоду Комроншоҳи Устопириëн бошад, дар мақоми панҷум қарор гирифтанд.

Темур Раҳимов соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад.  Ӯ барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё (2019; 2021); барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017); барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (2017); барандаи медали биринҷии Гран Прии Марокаш (2019) ва барандаи ду медали тилло ва як нуқраи Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон (2014, 2016, 2017) мебошад.

Муштзани тоҷик дар мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament-2022” сазовори медали тилло гашт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед